Ноябр 16, 2022 10:31 Asia/Dushanbe
  • Блазгуез  натоиҷи музокироти анҷом шударо барои густариши равобити тиҷории  Теҳрон ва Корокос муҳим донист
    Блазгуез натоиҷи музокироти анҷом шударо барои густариши равобити тиҷории Теҳрон ва Корокос муҳим донист

Раисҷумҳӯрии Эрон дар дидори ҳайати олирутбаи Венесуэла гуфт, зарфиятҳои мутанавеъ ва густардаи иқтисодӣ, илмӣ ва энержи, ҳамкории ду ва чанд ҷониба бо Эронро барои миллат муфид мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳӯри, Сайид Иброҳими Раисӣ , раисиҷумҳӯри Исломии Эрон дар дидор, муовини раисиҷумҳӯр ва вазири улум, вазири ҳамлу нақл, ва вазири кишоварзӣ ва ирози, Венесуэла дар Теҳрон, аз раванди рӯ ба пешрафти равобити Теҳрон Корокос дар ҳама ҳавзаҳо ба вижа баргузории муваффақи камисиюни муштараки иқтисодии дукишвар хурсанди кард.

Раисӣ бо тақдир аз мақомоти миллати Венесуэла дар муқобили зиёдахоҳиҳои низоми салта, изҳор кард, амрикоиҳо тасавур мекарданд бо таҳдид ва таҳрим метавонанд миллатҳоро мутавақиф кунанд аммо истодагии милатҳои мустақил онҳоро водор  ба ақаб нишини кард ва як бори дигар исбот кард, ки муқовимат ва ҳамкори танҳо роҳи муқобила бо зиёдахоҳиҳои Ғарб аст.

Рамон Блазгуез вазири ҳамлу нақли Венезуело низ дар ин дидор бо ироаи гузорише аз баргузории камисиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Венесуэла пас аз вақфаи ҳаштсола гуфт, дар музокироти анҷом шуда ба тавофуқоти хубе барои густариши ҳамкори дар заминаҳои ҳамлу нақл, кишоварзӣ, энержӣ ва фанноварӣ даст ёфт.

Блазгуез  натоиҷи музокироти анҷом шударо барои густариши равобити тиҷории  Теҳрон ва Корокос муҳим донист ва аз тақвияти ҳамкориҳои илмӣ омӯзишии Эрон ва Венесуэла истиқбол кард.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп