Ноябр 17, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Худкафоии Эрон дар тавлиди 98 дарсадии дору

Раиси Созмони ғизо ва доруи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба инки 98 дарсади доруи кишвар дар дохил тавлид мешавад, гуфт, дар талошем ин адад дар ҳавзаи таҷҳизоти пизишкӣ ба 50 дарсад бирасад.

Саидҳайдари Муҳаммадӣ бо ишора ба таҳримҳои золимонаи зидди Эрон гуфт, таъмини пойдори фаровардаҳои саломатмеҳвар бояд бо иттико ба тавлиди дохилӣ дар дастури кор қарор гирифтааст.

Вай бо ишора ба худкафоӣ дар тавлиди анвоъи мукаммилҳо дар кишвар, гуфт, дар ҳоли ҳозир воридоти мукаммилҳои ғизоӣ ба сифр расидааст ва тамомии мукаммилҳои мавриди ниёз дар дохили кишвар тавлид мешавад.

Раиси Созмони ғизо ва доруи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин ҳимоят аз тавлид якро асли асосии таъмини дору дар кишвар донист.

 

Барчасп