Зарфияти 15 миллиарддолларии содироти Эрон ба Туркия
(last modified Sat, 19 Nov 2022 05:33:02 GMT )
Ноябр 19, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти 15 миллиарддолларии содироти Эрон ба Туркия

Раиси утоқи муштараки Эрону Туркия аз зарфияти 15 миллиарддолларии содироти Эрон ба Туркия хабар дод . Меҳрдоди Саодатии Деҳқон-раиси утоқи муштараки Эрону Туркия рӯзи ҷумъа дар гуфтугу бо хабаргузории Форс, дар робита бо вазъияти тиҷорати Эрону Туркия гуфт : Эрон аз имкони содироти 15 миллиарддолларӣ ба Туркия бархурдор аст, аммо барои расидан ба ин ҳадаф мавонеъу мушкилоте вуҷуд дорад, ки бояд ҳал шавад .

Саодатии Деҳқон бо баёни инки дар соли 2012 тиҷорати Эрону Туркия ба 22 миллиард доллар расид, афзуд : Агар тиҷорати ду кишвар бо ҳамон раванд идома дошт акнун сатҳи равобити тиҷории ду кишвар аз 30 миллиард доллар низ убур карда буд .
Раиси утоқи муштараки Эрону Туркия изҳор дошт : Тарози тиҷории Эрону Туркия дар 6 моҳи гузашта ба нафъи Эрон будааст, зеро дар ин муддат 2 миллиарду 600 миллион доллар коло ба Туркия содир шудааст, аммо дар муқобил 2 миллиарду 500 миллион доллар коло аз ин кишвар ворид шудааст .
Саодатии Деҳқон бо таъкид бар инки дар заминаи тиҷорат Туркия яке аз кишварҳои муҳиму стратегӣ барои Эрон маҳсуб мешавад, гуфт : Бояд дар ҳавзаи ҳамлу нақл ҳамкориҳои Эрону Туркия афзоиш ёбад .

Бештар бихонед :