Мувофиқати Эрон бо афзоиши парвозҳо ба Тоҷикистон
Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар асоси тафоҳумномаи мавҷуд барои афзоиши парвозҳо миёни ширкатҳои ду кишвар мувофиқат кард.
Раиси Созмони ҳавопамоии Эрон мувофиқати худро бо афзоиши парвозҳои ширкатҳои Эрону Тоҷикистон эълом кард.
Ба гузориши ИРНА, Алӣ Ибодзода, раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон дар дидор бо Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон мувофиқати худро бар асоси тафоҳуми номаи мавҷуд барои афзоиши парвозҳо миёни ширкатҳои ду кишвар эълом кард. Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар ин дидор бо таваҷҷуҳ ба забону фарҳанги муштараки ду кишвар ва истиқболи гардишгарон ба густариши равобити ҳамлу нақл байни ду кишвар таъкид кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар ҳафта парвозҳо аз Машҳаду Теҳрон ба шаҳри Душанбе ва баръакс барқарор аст.