Раҳбари муаззами инқилоб: Бисоти шарорат бидуни шак ҷамъ хоҳад шуд
(last modified Sat, 19 Nov 2022 12:05:52 GMT )
Ноябр 19, 2022 17:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Бисоти шарорат бидуни шак ҷамъ хоҳад шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳадафи аслии саҳнагардонони иғтишошоти ахирро ба майдон овардани миллат донистанд ва гуфтанд: Бисоти шарорат бидуни шак ҷамъ хоҳад шуд ва миллати Эрон бо нерӯи бештар ва рӯҳияи тозатар ҳаракат дар майдони пешрафти кишварро идома хоҳад дод.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (шанбе) дар дидори садҳо нафар аз мардуми Исфаҳон афзуданд: Ин ҳаводис ва ҷиноятҳо ва тахрибҳо, мушкилоте барои мардум ва касаба дуруст мекунад, аммо афрод дар саҳна ва пушти саҳнаи ин шароратҳо, бисёр ҳақиртар аз он ҳастанд, ки битавонанд ба низом осеб бизананд.

Раҳбари муаззами инқилоб тасреҳ карданд: Мушкили аслии истикбор бо Ҷумҳурии исломӣ ин аст, ки агар ин низом пешрафт ва дар дунё ҷилва кунад, мантиқи либероли демокрасии дунёи Ғарб ботил хоҳад шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Ба далели ҳамин нороҳатӣ ва асабоният, амрикоиҳо ва аврупоиҳо бо ҳамаи имконот вориди майдон мешаванд, аммо ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд, ҳамонтавр, ки қабл аз ин ҳам натавонистанд ва дар оянда ҳам нахоҳанд тавонист.

Раҳбари муаззами инқилоб ҳамчунин бо ишора ба шигирди ғарбиҳо, ки ба исми озодӣ ва демократия, алайҳи озодӣ ва мардумсолорӣ дар кишварҳо иқдом мекунанд, афзуданд: Кишвари Афғонистон як намӯнаи наздик ва бориз аст, ки амрикоиҳо ба баҳонаи мардумӣ набудани ҳукумат, ба онҷо ҳамлаи низомӣ карданд, аммо баъд аз 20 сол ҷинояту ғора , ҳамон ҳукӯмате, ки алайҳи он иқдом карда буданд, сари кор омаду онон бо фазоҳат хориҷ шуданд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба инки дар корзори асосии Эрону истикбор, Амрико дар хати муққадам қарор дорад ва Аврупо пушти сари Амрико истодааст, гуфтанд: Дар тӯли солҳои баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ҳамаи раисони ҷумҳурии Амрико ҳам аз Картер, Клинтон ва Обомо, Рейган, Буш ва он сабукмағзи қаблии Ҷумҳурихоҳ то раисиҷумҳури феълии беуҳушу ҳавос, ки мехоҳад мардуми Эронро наҷот диҳад, ҳама дар муқобили Ҷумҳурии исломии Эрон истоданд ва аз ҳар касе ҳам, ки тавонистанд, аз ҷумла режими саҳюнистӣ ба унвони саги ҳору занҷирии худ ва бархе кишварҳои минтақа кумак гирифтанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, тавоноии фурсатсозӣ аз таҳдидҳоро ҷузви табиати як миллати бо имон донистанд ва хотирнишон карданд: Собиқаи фурсатсозии мардуми Эрон дар дифои муқаддас мӯҷиб шуд то ҳамин имрӯз ҳам ҳаргоҳ душманон ба фикри истифода аз барги низомӣ меуфтанд мутаваҷҷеҳ бошанд, ки миллати Эрон шикастнопазир аст, ҳамчунон, ки борҳо ба амрикоиҳо ва мухолифони худ гуфта, «омаданатон бо худатон аст, аммо рафтанатон на» ва дар сӯрати таҷовуз, гирифтор ва нобуд хоҳед шуд.