Раисӣ: Рафтори дугона дар равобит бо Эрон сабаби пушаймонии риёкорон мешавад
(last modified Sun, 20 Nov 2022 05:31:07 GMT )
Ноябр 20, 2022 10:31 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Рафтори дугона дар равобит бо Эрон сабаби пушаймонии риёкорон мешавад
    Раисӣ: Рафтори дугона дар равобит бо Эрон сабаби пушаймонии риёкорон мешавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар мавзеъи Теҳрон мабни бар омодаги барои ҳосил шудани тавофуқи одилона гуфт рафтори дугона дар равобит бо Эрон сабаби пушаймонии риёкорон мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Алсайидбадр Албусаъидӣ, вазири хориҷаи Умон дар Теҳрон изҳор кард баъзе тарафҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ муратаб бо восита паёми ҳамокри ва таъомул медиҳанд вале дар майдони амал рафтори онҳо бо гуфторашон мутафовит аст.

Раисӣ бо баёни ин ки имруз душманиҳои низоми султа ва дар садри онҳо Амрико зидди миллати Эрон бар касе пушида нест таъкид кард: Хашму душманиҳои амрикоиҳо аз пешрафтҳои миллати Эрон ҳамвора дар чаҳор даҳҳаи гузашта истимрор дошта ва номком шуд вале амрикоиҳо аз шикастҳои худ дарс намегиранд.

Раиси Ҷумуҳрии Исломии Эрон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз мавозеъи усулии Умон барои ҳамкории бо Эрон дар пешбурди мавзуъоти байналмиллалии равобити Теҳрон-Мақсатро решадор ва қави хонд.

Алсайидбадр Албусаъид, вазири хориҷаи Умон низ дар ин дидор зимни тақдир аз мавозеъи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи масоили минтақаӣ ва байналмилллалӣ ба вижа руйкарди Раисӣ дар тақвияти равобит ва ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид кард, равобити Умон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқоиса бо дигар кишварҳо намуна аст ва мо хоҳони истимрор ва рушди ин равобит дар арсаҳои мухталиф ҳастем.

Вазири умури хориҷаи Умон ҳамчунин зимни эъломи ҳимоят аз мавозе ва руйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар музокираи рафъи таҳрим таъкид кард муътақидем собитқадам ва рафтори содиқонаи Эрон ба натиҷа хоҳад расид.