Ноябр 20, 2022 18:42 Asia/Dushanbe
  • Эрон ноибқаҳрамони мусобиқоти CAFA шуд

Тими миллии футболи навниҳолони Эрон ба мақоми ноибқаҳрамонии мусобиқоти CAFA расид.

Ба гузориши сайти Федерасиюни футбол, дар охирин рӯз аз мусобиқоти футболи зери 14 соли CAFA, ки бо ширкати тимҳои миллии Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон баргузор шуд, тими миллии навниҳолони Эрон бо шаш имтиёз ва тафозули голи беҳтар унвони ноибқаҳрамонии ин давраро аз они худ кард.

Гуфтанист, тими миллии футболи навниҳолон таҳти ҳидояти Асғари Мозиёр бо таваҷҷуҳ ба маҳдӯдияти замонӣ, ки барои ташкили тим ва баргузории тамринот дошт, озими ин мусобиқот шуда буд. Тоҷикистон низ бо 12 имтиёз қаҳрамони мусобиқот шуд.

 

Барчасп