Ноябр 20, 2022 19:47 Asia/Dushanbe

Вазири энержии Русия, таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро ғайриқонунӣ ва бенатиҷа хонд.

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва симо, Александр Новак, вазири энержии Русия дар гуфтугу бо шабакаи хабарии "СНБС" гуфт, тасаввур намекунам Эрон далели авзои бесуботи Халиҷи Форс бошад. Иқдомоте, ки алайҳи Эрон сурат гирифтааст ба сурати таҳримҳое, ки алайҳи он эъмол шудаанд, ки тавлиду содироти нафти якҷанба калидии онҳост, бисёр аҳаммият доранд, чаро ки Эрон ҳамвора яке аз бузургтарин содиркунандагони нафт дар ҷаҳон будааст ва тавлиду содироти нафт барои иқтисоди Эрон ҳаётӣ аст.

Вай афзуд, дар робита бо маҳдудиятҳое, ки алайҳи содироти Эрон эъмол шудааст, мо аз Эрон ҳимоят мекунем ва муътақидем таҳримҳо ғайриқонунӣ ҳастанд ва онҳо (таҳримҳо) аз ҷониби Созмони милал таъйид нашудаанд.

 

Барчасп