Ноябр 22, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Содироти колоҳои таҷҳизоти пизишкии Эрон ба беш аз 60 кишвари дунё

Мудири кулли таҷҳизоти пизишкии Созмони ғизову дору аз содироти колои таҷҳизоти пизишкии Эрон ба беш аз 60 кишвари дунё хабар дод .

Ба ҳиммати мутахассисону донишмандони Эронӣ анвоъи маҳсулоти ва колоҳои пизишкии Эрон ба нуқоти мухталифи дунё содир мешавад.
Руҳуллоҳ Мазинонӣ-мудири кулли таҷҳизоту малзумоти пизишкии Созмони ғизову доруии Эрон гуфт : Як ҳазору 850 парвонаи содиротӣ аз сӯи идораи кулли таҷҳизоту малзумоти пизишкӣ содир шуда ва маҳсӯлоти тавлиди дохили Эрон ба беш аз 60 кишвари дунё содир мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Мазинонӣ афзуд : Мавҷудии таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёзи кишвар барои колои гуруҳҳои тахассусии мухталиф монанди ортопедӣ, қалбу уруқ, чашм ва  мағзу аъсоб бо лиҳози захираҳои эҳтиётӣ кофӣ аст ва дар вазъияти муносиби таъмин ҳастем .
Ба гуфтаи Мазинонӣ бо ҳамфикрӣ ва мушорикати тавлидкунандагони воқеӣ ва таъминкунандагони таҷҳизоти пизишкӣ ва ҳамкории созмонҳо ва ниҳодҳои муртабит ، бо гузар аз таҳримҳои золимонаи байналмилалии алайҳи Эрон шоҳиди идомаи таъмини саривақтии таҷҳизоти пизишкии низоми саломати кишвар хоҳем буд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп