Ноябр 22, 2022 14:31 Asia/Dushanbe
  • Барои нахустин бор ; нахуствазири Беларус вориди Теҳрон шуд

Роман Главченко-нахуствазири Беларус вориди Теҳрон шуд ва мавриди истиқболи вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қарор аст ду ҳайати Эрону Беларус дар бораи густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла транзит, содироту воридот, таъмини энержӣ, маҳсӯлоти кишоварзӣ ва интиқоли технологияв таҷҳизот музокира карда ва як нақшаи роҳи ҷомеъ барои тавсеаъи равобити иқтисодии Теҳрону Минск тарсим кунанд .
Дидори муштарак бо фаъолони иқтисодии Эрону Беларус низ ҷузви барномаҳои сафари нахуствазири Беларус ба Теҳрон аст.
Эрону Беларус дар солҳои ахир аз равобити хубе бархурдор будаанд, ки дар ҷаласоти муназзами сатҳи болову тавофуқоти мухталиф мунъакис шудааст.

 

Барчасп