Фағонӣ, довари Бразиля-Сербия шуд
Довари эронӣ дидори Бразиля ва Сербия аз марҳилаи гурӯҳи Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатарро сут хоҳад зад.
Ба гузориши Садои Хуросон,Алиризо Фағонӣ довари эронӣ дидори Бразиля ва Сирбия аз марҳалаи гурӯҳи Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатарро, ки панҷшанбе 24 ноябр баргузор мешавад, сут хоҳад зад. Дастёрони Фиғонӣ дар дидори Бразиля ва Сирбия, Муҳаммадризои Абулфазлӣ ва Муҳаммадризои Мансурӣ хоҳанд буд. Фағонӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии қабли ҳам дидори Бразиля ва Сирбияро сут зада буд ва ҳамчунин дидорҳои радабандии Ҷом ва дидорҳои муҳими Фаронса ва Аргентина дар марҳалаи як ҳаштуми Ҷомро ҳам қазоват карда буд. Ҷоми Ҷаҳонии футболи Қатар, бистудуввумин Ҷоми Ҷаҳоние,аст, ки аз рӯзи якшанбе бистуякуми ноябр оғоз шуд ва то ҳаждаҳуми декабри 2022 идома хоҳад дошт. Ҷоми Ҷаҳонии футбол, пурбинандатарин рӯхдоди варзиши дар дунё аст ва ҳар чаҳор сол якбор барои мушахас шудани Қаҳрамони футболи ҷаҳон баргузор мешавад.
Бештар бихонед: