Ноябр 25, 2022 17:41 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Эрон бар Уэлс дар Ҷоми Ҷаҳонӣ
    Пирӯзии Эрон бар Уэлс дар Ҷоми Ҷаҳонӣ

Тими миллии Эрон дар дуюмин дидори худ дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 –и Қатар муқобили Уэлс ба бартарии 2 бар сифр расид.

Тими миллии Эрон имрӯз, ҷумъа дар идомаи рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 –и Қатар дар дуюмин дидори худ ба масофи тими Уэлс рафт.

Нимаи аввали ин бозӣ бо вуҷуди бартарии тими миллии Эрон ва эҷоди фурсатҳои зиёди голзанӣ бо натиҷаи тасовӣ, бидуни гол ба поён расид.

Дар нимаи дувум ва бо хатои дарвозабони тими Уэлс ва ихроҷи ӯ аз бозӣ Эрон ба ҳамалоти худ идома дод то дар вақтҳои изофаи нимаи дувум бо ду голи Рӯзбеҳи Чашмӣ ва Ромини Ризоиён бо пирӯзии ду ба сифр ба истиқболи бозии баъдии худ рафт.

Бозии баъдии тими миллии Эрон муқобили Амрико рӯзи сешанбе баргузор мешавад.

 

Барчасп