Ноябр 25, 2022 18:40 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори неруҳои заминии сипоҳ дар марзҳои ғарбиву шимоли ғарбӣ
    Истиқрори неруҳои заминии сипоҳ дар марзҳои ғарбиву шимоли ғарбӣ

Фармондеҳи Неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз тақвияти ягонҳои Неруи заминии сипоҳ дар марзҳои ғарбиву шимоли ғарби Эрон хабар дод.

Сардор Муҳаммади Покпур, фармондеҳи Неруи заминии сипоҳ аз тақвияти ягонҳои неруи махсусу зиреҳии ин нерӯ хабар доду гуфт, ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз нуфузи тимҳои террористии вобаста ба гурӯҳакҳои таҷзиятадаби мустақар дар иқлими шимоли Ироқ ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ба дохили кишвар сурат гирифтааст.

Сардор Покпур аз истиқрори ягонҳои зиреҳӣ ва неруи махсуси заминии сипоҳ дар навори марзии ғарбу шимоли ғарби кишвар хабар доду афзуд, ба дунболи таҳаррукоти ашрору гурӯҳакҳои террористии таҷзияталаби зиддиэронӣ дар шимоли ғарби Эрон ва эҷоди шарорату ноамнӣ дар бархе манотиқ, Неруи заминии сипоҳ бо тақвияти неруҳои худӣ дар маҳдудаи навори марзии устонҳои ғарбу шимоли ғарби кишвар ва баҳрагирӣ аз ҳамкории мардуми ғаюри бумӣ ба муқобилаи қотеона бо авомили ноамнӣ дар минтақа мепардозад.

Фармондиҳи Неруи заминии сипоҳ афзуд, бархе ягонҳои зиреҳӣ ва неруи махсуси Неруи заминии сипоҳ дар ҳоли азимат ба устонҳои марзии ғарбу шимоли ғарби кишвар ҳастанд.

 

Барчасп