Декабр 10, 2016 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ: Тавтеаҳо зидди Эрон беасар аст

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавтеаҳои режими саҳюнистӣ ва кишварҳои нобахиради минтақа зидди Теҳронро барои кашондани Эрон ба даргирӣ ва ҷанг, тасаввури ботил донист.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе. дар ҳафтумин нишасти намояндагони Утоқи асноф дар Теҳрон, гуфт, амният ва суботи Эрон аз миллат, таърих ва сиёсаташ сарчашма мегирад ва ин мавриде нест, ки касе бихоҳад аз Эрон бигирад.

Ҷаҳонгирӣ афзуд, бархе кишварҳои арабии минтақа Тереза Мэй, нахуствазири Англисро дар нишасти ахири сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Манома (пойтахт Баҳрайн) даъват карданд, то зидди Эрон мавзегирӣ кунад ва ин кор, таҳқири худи онон буд.

Вай хотирнишон кард,  Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари қудратманд ва таъсиргузор дар минтақа аст.

Пеш аз ин, Баҳроми Қосим, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти Тереза Мэй,  бино бар эъломи ҳамкории ин кишвар бо Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс зидди Эрон, тасреҳ кард, кишварҳое, ки мудохилаҷӯиҳои ғайримасъулонаи онон, дар соири кишварҳо боиси густариш ноамнӣ, ҷанг, хушунат ва терроризм шудааст дар ҷойгоҳе нестанд, ки дигаронро ба мудохила дар умури минтақа муттаҳам кунанд.

 

Барчасп