Ноябр 25, 2022 21:52 Asia/Dushanbe
  • Сармураббии тими миллии Уэлс
    Сармураббии тими миллии Уэлс

Сармураббии тими миллии Уэлс пас аз шикаст баробари Эрон дар нишасти хабарӣ гуфт, Эрон ҳаққи пирӯзиро дошту тағйироту ҷобаҷоиҳои ин тим нисбат ба бозии қабл ҷавоб дод.

Сармураббии Уэлс дар бораи ин ки чаро шогирдонаш, ба вижа Бейлу Рамзи хуб амал накарданд, гуфт: Намехоҳам бигӯям, ки ин ду нафар муқассир буданд. Ман хеле ноумед шудам. Мо хеле муваффақият доштем, ки ба Ҷоми Ҷаҳонӣ омадем. Имрӯз аз тавоноиҳои худамон камтар зоҳир шудем. Вақте ин тавр зоҳир шавед, муҷозот мешавед.

Сармураббии тими миллии Уэлс дар вокуниш ба ин ки Эрон беҳтар аст ё Амрико, гуфт: Ман таҳти таъсири бозии Эрон қарор гирифтам. Эрон рӯ ба пеш рафту Амрико ҳам хеле хуб бозӣ мекунад ва фикр мекунам Эрон як миқдор пештар ва беҳтар бошад.

 

Барчасп