Ноябр 26, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз шанбе басиҷиён бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд

Ба муносибати Ҳафтаи Басиҷ ҷамъе аз басиҷиёни саросари Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор хоҳанд кард .

Ба гузориши Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ,  ҷамъе аз басиҷиёни саросари Эрон бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар ин дидор ширкат хоҳанд кард .
Панҷ миллион нафар аз басиҷиёни саросари Эрон низ бо иртиботи мустақим ва ба сурати маҷозӣ дар ин барнома ҳузур хоҳанд дошт ..
Дидори басиҷиёни саросари Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба сурати зиндаву мустақим аз расонаи KHAMENEI . IR ва шабакаҳои Садову Симо пахш хоҳад шуд ..
Пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ва қатъи дасти истикбори ҷаҳонӣ аз манофеи Эрон тавтеъаҳову фитнаҳои душманон зидди Эрон рӯз ба рӯз густариш ёфт . Дар чунин шароите ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар 26 ноябри 1979 ( панҷуми озари 1358 ) фармони ташкили Созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд. Ҷавонони эронӣ ба маҳзи дарёфт фармони ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба шакли худҷӯш ба ҷабҳаҳои ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон шитофтанд ва дар тӯли ҳашт соли дифои муқаддас бо тақдими ҷони худ инқилоби исломии навпоро зинда нигоҳ доштанд .
 

 

Барчасп