Ноябр 26, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Идомаи бозтоби пирӯзии тими миллии футболи Эрон дар расонаҳои хориҷӣ

Пирӯзии тими миллии футболи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари Уэлс дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Қатар бозтоби густардае дар расонаҳои ҷаҳон ба ҳамроҳ дошт.

Хабаргузории расмии Сурия ( САНА ) навишт : Тими миллии Эрон дар Давҳаи Қатар бо амалкарди фаннии боло дар баробари Уэлс тавонист дар дуюмин бозии гуруҳи дувуми Ҷоми ҷаҳонии футбол се имтиёзи арзишманд касб кунад .
Шабакаи телевизиюнии БФМ-и Фаронса гузориш дод : Эрон подоши амалкарди хуби худро ба даст овард ва дар дақоиқи поёнии бозӣ пирӯз шуд .
Вебсайти хабарии Аларабии Қатар гузориш дод : Эрон пирӯзии шоистае муқобили Уэлс ба даст овард ва умедҳои худро барои роҳёбӣ ба даври баъдӣ ҳифз кард.
Хабаргузории Спутники Русия ҳам эълом кард : Тими миллии футболи Эрон дар даври дувуми гуруҳии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022 бо ду гол ба пирӯзӣ расид .
Русия алявм низ бо пахши тасовире аз бозӣ навишт, ки тими миллии Эрон аз фурсат ниҳоят истифодаро кард ва бо ду гол ҳарифи худро шикаст дод .
Хабаргузории Шаҳоб ниюси Фаластин низ пирӯзии тими миллии Эронро бозтоб дод.
Шабакаи телевизиюнии Алҷазира эълом кард : Тими миллии Эрони рӯзи ҷумъа ва дар дақоиқи охири бозӣ бо тими миллии Уэлс дар бозиҳои гуруҳи дувуми Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ба пирӯзии арзишманд расид.
Алмаёдин ҳам навишт : Як бозии қаҳрамонона барои Эрон, ки дар он тими Уэлс шикаст хурд . Тими миллии Эрон дар даври дувуми рақобатҳои гуруҳи B Ҷоми ҷаҳонии 2022 бо натиҷаи 2 бар 0 Уэлсро шикаст дод.

Бештар бихонед :

 

Барчасп