Ноябр 26, 2022 11:11 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи дуҷонибаи Эрону Узбекистон дар мубориза бо пулшуӣ

Дар ҳошияи иҷлоси минтақаии Авруосиё мақомоти Эрону Узбекистон тафоҳумномаи дуҷониба дар мубориза бо пулшуиро имзо карданд .

Эрону Узбекистон дар ёддошти тафоҳуми ду кишвар барои мубориза бо пулшуӣ бар тавсеаи таъомулоти корӣ ва басиҷи зарфиятҳои мавҷуд дар мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии тероризм таъкид карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ёддошти тафоҳум, ки байни Ҳодии Хонӣ- муовини вазири иқтисод ва раиси Маркази иттилооти молии Ҷумҳурии исломии Эрон ,ҳамчунин мудири воҳиди иттилооти молии Узбекистон ва бо ҳузури Муҳаммадтақии Собирӣ- сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба имзо расид тарафайн бар тавсеаи таъомулоти корӣ ва басиҷи зарфиятҳои мавҷуд дар мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии тероризм таъкид карданд .
Ин 16 тафоҳумномаи ҳамкории байни маркази иттилооти молии Эрон ва воҳиди иттилооти молии соири кишварҳост.Хонӣ дар ҳошияи иҷлоси минтақаии Авруосиё бар тавсеаи таъомулоту ҳамкориҳои ду ва чандҷониба бо кишварҳои дӯсту ҳамсӯ бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид намуд .
Дар нишасти дӯстонаи Хонӣ ва раиси воҳиди иттилооти молии Русия дар ҳошияи иҷлоси 37 ( EAG ) низ бар лузуми афзоиши таъомулот бо ҳадафи муборизаи ҷаддитар бо пулшуӣ ва таъмини молии тероризм ба хусӯси мубориза бо таъмини молии қочоқчиёни маводи мухаддир таъкид шуд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп