Ноябр 27, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Систон ва Балучистон диёри мардони ғайратманди эронӣ аст
    Генерал Саломӣ: Систон ва Балучистон диёри мардони ғайратманди эронӣ аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Мармумони ин диёри шариф, бо шарофат, аҳли каромат, бо ғайрату ҷавонмард ва дар муқобили душманони ин сарзамин ҳамвора мусамам ҳастанд.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар оғози вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии Зоҳидон гуфт: Ин мардум шоистаи ҳар навъ қадрдонӣ ва сипосгузори, хидмат ва фадокори ва ҷонбози ҳастанд, ки неруи мудофеъи амният ва ҳофизони каромати ин сарзамин ҳастем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ҳадаф аз сафар ба устони Систон ва Балучистон дар ҳафтаи басиҷро мулоқот бо мардумони ин диёр ва суҳбат бо онҳо унвон кард.

Генерал Саломӣ афзуд: Ин либосро бар тан кардаем то барои ҳамаи мардуми Эрон барои уммати ислом сарбози фадокор бошем ва барои таҳаққуқи орзуҳои бузурги онҳо ва амният, оромиш ва пешрафт ҳарчи метавонем фадокори кунем ва сарбозони вафодори барои мардуми азизи Эрон аз ҷумла мардуми хунгарми Систон ва Балучистон бошем.

 

Барчасп