Душман ҳадафаш зарба расондан ба басиҷ ва решаҳои инқилоби исломӣ аст
Раиси комисяи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси шурои исломии Эрон таъкид кард: Душман ҳадафаш зарба расондан ба басиҷ ва решаҳои инқилоби исломӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ваҳиди Ҷалолзода, раиси комисяи амнияти миллии маҷлис гуфт: Душманони низом қалби басиҷро нишон гирифта аст, авҷи нифрат ва кинаи душманон ва дунболаҳои онҳо дар дохили пойгоҳ ва қалби басиҷ буд зеро пойгоҳҳои басиҷ пойгоҳи инқилоб ҳастанд.
Ҷалолзода афзуд: Душман ҳадафаш зарба задан ба басиҷ ва решаҳои инқилоби исломӣ аст.
Раиси комисяи амнияти миллии маҷлис ҳамчунин гуфт: Иғтишошгарон ба масҷидҳо ва мадрасаҳо ҳамла мекунанд ва ба ин маъно аст ки ин маконҳоро душман хуб медонад зеро инқилоб аз масҷидҳо оғоз шуд ва масҷидҳо ҳамчунон инқилобро зинда нигоҳ медоранд.