Маҷлиси Эрон бо лоиҳаи илҳоқи давлати Эрон ба СҲШ мувофиқат кард
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар ҷаласаи алании имрӯзи якшанбе (6 озар) маҷлис дар раванди расидагӣ ба гузориши Камиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар мавриди лоиҳаи илҳоқи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) мувофиқат карданд.
Сухангӯи Камиссиюни амнияти миллии маҷлис, асноди тааҳудовари ояндаи созмон низ тибқи қонӯни асосӣ дар маҷлис баррасӣ мешавад.
Абулфазли Амуӣ, сухангӯи Камиссиюни амнияти миллии маҷлис дар тавзеҳи аҳамияти ин лоиҳа гуфт, Созмони Ҳамкории Шанхай бо меҳварияти 5 кишвари Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бо мабнои мубориза бо терроризм ташкил шуд ва Эрон, ки ба узвияти нозири ин созмон даромада буд, 15 сол дархости узвияти доимро дошт, ки дар ниҳоят дар иҷлоси 22-ум дар Тошканд асноди узвияти доими он ба имзои дабирхонаи созмон расид.