Ноябр 28, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати умуми хориҷа: Эрон ҳеҷгуна ҳамкори бо Кумитаи ҳақиқатёб нахоҳад дошт
    Сухангуи Вазорати умуми хориҷа: Эрон ҳеҷгуна ҳамкори бо Кумитаи ҳақиқатёб нахоҳад дошт

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба қатъномаи зидди эронии шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷгуна ҳамкори бо кумитаи сиёсии таҳти унвони Кумитаи ҳақиқатёб нахоҳад дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ, сухангуи Вазораи умумри хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ бо ишора ба иқдомоти зидди эронии кишварҳои ғарби дар шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид афзуд: Истифодаи аҷулона аз созукорҳои ҳуқуқи башари ва истифодаи абзори аз чунин созукорҳои зидди кишварҳои мустақили мардуд ва маҳкум аст ва ҳеҷ кумаки ба пешбурди ҳуқуқи башар нахоҳад кард.

Ин дипломати Эрон афзуд: Ин ки давлатҳои ғарби мушахасан давлати Амрико ва бархе аз давлатҳои ҳамроҳаш бо он дар таҳиҷ ба иғтишошот дар дохили Эрон нақш доштанд  мавриди ҳеҷ тардиде нест ва дар ин маврид иттилоъоти дақиқе вуҷуд дорад ин иттилоъот дар чорчубҳои мухталиф ба сафирони хориҷии муқими Теҳрон ироа шуда аст.

Сухангуи Вазорати хориҷа гуфт: Теъдоди қобили таваҷуҳи аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф дар иғтишошот ва ноорамиҳои ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эрон боздошт шуданд ва далелҳои муҳкам дар бораи нақши онҳо дар ташвиқ ба иғтишошот вуҷуд дорад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи иттиҳоми Амрико зидди Эрон дар хусуси ҳамла ба нефткаши исроилӣ гуфт: Иттиҳомзаниҳои воҳи ба Ҷумҳурии Исломии Эрон руйкарди шинохташудаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш аст Ҷумҳурии Исломии Эрон онқадар шуҷоъат дорад, ки дар хусуси корҳое, ки анҷом медиҳад масъулияти онро ба уҳда бигирад.

 

Барчасп