Омодагии Садо ва Симои Эрон барои афзоиши равобити Теҳрон ва Деҳлии нав
(last modified Tue, 29 Nov 2022 05:03:09 GMT )
Ноябр 29, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Садо ва Симои Эрон барои афзоиши равобити Теҳрон ва Деҳлии нав

Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон, ки ба Деҳлии нав сафар карда аст, гуфт:Муаррифии тавонмандиҳову бозори Эрон ба ҳиндиҳо ва билъакс метавонад ба иртиқои равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ мунҷар шавад .

Паймони Ҷибилӣ-раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар иҷлоси радио ва телевизионҳои Осиё ва Уқёнусия-ABU ба Деҳлии нав-пойтахти Ҳинд сафар кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Паймони Ҷибилӣ дар дидори сафиру коркунони сафорати Эрон дар Деҳлии нав аз омодагии ин созмон барои тарҳи мутолиботи туҷҷору бозаргонони эронии сокин дар Ҳинд ва низ фаъолони муртабит бо тарафҳои ҳиндӣ хабар дод ва афзуд бо тавлиду пахши гузоришҳову барномаҳои мутафовит дар заминаи мутолиботи туҷҷори эронӣ ва низ чолишҳои мавҷуд дар такмили тарҳҳои иқтисодии ду кишвар,мушкилотро то ҳалли ниҳоии онҳо пайгирӣ мекунем .
Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон ، шаклгирии фазои маҷозӣ ва тавсеаи шабакаҳои иҷтимоиро чолиши пеши рӯйи расонаҳои марҷаъ ва расмӣ дар тамоми кишварҳо хонд ва тасреҳ кард дар сартосари ҷаҳон нуфӯзи марҷаъияти хабарӣ ва масрафи расонаии шабакаҳои бузурги телевизиюнӣ таназзул ёфта ва ба масрафи шабакаҳои иҷтимоӣу фазои маҷозӣ роҳ ёфтааст .
Ҷибилӣ ҳамчунин ба ҳамалоти паёпай ва густарда ба Созмони Садо ва Симои Эрон ишора карду афзуд ин ҳамалот нишон аз таъсиргузорӣ ва муваффақ амал кардани Садо ва Симои Ҷумҳурии исломӣ дорад .
Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон хотирнишон кард то кунун ҳеҷ раиси Садо ва Симое таҳрим нашуда буд ,аммо ин иттифоқ дар ин давра рух дод .
Вазорати хазонадории Амрико 16 ноябр 6 нафар аз мудирону кормандони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эронро таҳрим кард ; Паймони Ҷибилӣ,Аҳмади Наврӯзӣ,Муҳсини Баҳрамонӣ, Алии Ризвонӣ,Оминасодоти Забеҳпур ва Юсуфи Пурёнурӣ- афроде ҳастанд, ки дар феҳристи таҳримҳои Амрико қарор гирифтанд.