Безараргардонии бонди байналмилалии қочоқи силоҳу муҳимот дар ҷанубу шарқи Эрон
(last modified Tue, 29 Nov 2022 07:31:53 GMT )
Ноябр 29, 2022 12:31 Asia/Dushanbe
  • Безараргардонии бонди байналмилалии қочоқи силоҳу муҳимот дар ҷанубу шарқи Эрон

Идораи кулли иттилооти устони Систону Балучистони Эрон аз безараргардонии бонди байналмилалии қочоқи силоҳу муҳимот дар ин устони ҷанубу шарқии Эрон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; Идораи кулли иттилооти устони Систону Балӯчистони Эрон дар иттилоъияе эълом кард аз ин бонд анвоъи силоҳи шӯришӣ, ки барои истифода дар ошӯбҳои ахир вориди Эрон шуда буд, кашфу забт шуд .
Бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар мӯҷиб шуд то душманони хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аз он ба унвони фурсате барои мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чи бештари ошӯбҳо истифода кунанд .
Дар иғтишошоти ахир сарони сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо, расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии муониди мавриди ҳимояти Ғарб аз як рухдоди ғамангез сӯистифода карданд ва бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон дар ҳимоят аз иғтишошгарону барҳамзанандагони амнияти миллат санги тамом гузоштанд ; дар ҳамин ҳол ، миллионҳо нафар аз миллати Эрон дар хиёбонҳову маёдини кишвар дар ҳимоят аз низому кишварашон ва мухолифати қотеъ бо ошӯбу иғтишош ҳузур ёфтанд .