Ноябр 30, 2022 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳусейни Амирабдуллоҳиён
    Ҳусейни Амирабдуллоҳиён

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон аз нақши созандаи Ироқ дар муодилоти минтақаӣ истиқбол мекунад.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар твитте пас аз дидору гуфтугӯ бо нахуствазири Ироқ навишт: Ҷумҳурии исломии Эрон бар таъмиқи муносибот бо Ироқ таъкид ва аз нақши созандааш дар муодилоти минтақаӣ истиқбол мекунад.

Муҳаммад Шаёъ Ал-Судонӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи сешанбе дар садри ҳайате сиёсиву иқтисодӣ барои дидору гуфтугӯ бо масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд ва бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, раиси ҷумҳурӣ ва муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.