Ноябр 30, 2022 20:54 Asia/Dushanbe
  • Меҳдии Торемӣ, муҳоҷими миллипӯши Эрон
    Меҳдии Торемӣ, муҳоҷими миллипӯши Эрон

Бо вуҷуди ҳазфи тими миллии Эрон аз рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии Қатар, Меҳдии Торемӣ, миллипӯши футболи Эрон ба унвони яке аз беҳтаринҳои тим дар бархе аз омори таҳоҷумӣ дар миёни муваффақтаринҳо қарор дорад.

Ба гузориши "Варзиши - 3", Меҳдии Торемӣ, муҳоҷими миллипӯши Эрон дар ин давра аз рақобатҳои ҷоми ҷаҳонӣ муваффақ шуд бо задани ду гол беҳтарин муҳоҷими футболи Эрон дар адвори ҷомҳои ҷаҳонӣ лақаб бигирад. Аз беҳтарин муҳоҷимон аз назари теъдоди зарба ба дарвозаи ҳарифон аст.

Муҳоҷими тими футболи “Порто”-и Португалия дар ин давра дар се бозӣ ва дар маҷмуъ 270 дақиқа муваффақ шуда 2 зарба дар чорчӯб ба самти дарвозаи ҳарифон фиристад ва дар радаи шашуми беҳтаринҳо ҷой бигирад.

Торемӣ илова бар задани ду гол, як паси гол ҳам дар бозӣ баробари Уэлс дар корномаи худаш сабт кард то амалкарди қобили қабулро аз назари омори фардӣ барои худаш ба ҷо гузошта бошад.

Тими миллии футболи Эрон сешанбешаб, дар сеюмин дидори марҳалаи гуруҳии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ба масофи тими миллии Амрико рафт, ки ин бозӣ бо натиҷаи як бар сифр ба суди Амрико ба поён расид.