Эҳзори сафири Фаронса дар Теҳрон ба вазорати умури хориҷаи Эрон
Сафири Фаронса дар Теҳрон дар пайи изҳороти ғайри қобили қабули вазири хориҷаи Фаронса дар Маҷлиси миллии ин кишвар ба вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
Николя Роша, сафири Фаронса дар Теҳрон дар пайи изҳороти ғайри қобили қабули вазири хориҷаи Фаронса дар Маҷлиси миллии ин кишвар ва тасвиби қатъномаи мудохилаҷӯёнаи маҷлиси фавқ дар қиболи таҳаввулоти Ҷумҳурии исломии Эрон зуҳри рӯзи чаҳоршанбе ба вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
Дар ин ҷаласа, маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба иттиҳомоти бепоя ва асоси мақомоти фаронсавӣ алайҳи Эрон эълом ва ингуна мудохилоти ғайри қобили қабул, тақбеҳ ва маҳкӯм гардид.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа таъкид шуд, сӯиистифодаи абзорӣ ва дугонаи Фаронса ва бархе кишварҳои аврупоӣ аз мавзӯи ҳуқуқи башар, мӯҷиби таассуфи шадиди Ҷумҳурии исломии Эрону ғайриқобили қабул аст ва лизо зарурист ин кишварҳо масири ғалати худро, ки ноқизи аслии мусаллами ҳуқуқи байналмилал дар заминаи эҳтиром ба ҳокимияти миллии мустақили кишварҳост, ислоҳ кунанд.
Дарн ҷараёни эҳзори сафири Фаронса ба вазорати умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин эълом шуд, ки ин кишварҳо ба воситаи тавассул ба рӯйкардҳои якҷониба ва зурмадорона, ки бо ҳуқуқи миллатҳо мунофот дорад, фоқиди ҳаргуна ваҷоҳату салоҳият барои тарҳи иддаоҳои ҳуқуқи башарӣ ҳастанд.
Сафири Фаронса дар посух изҳор дошт, маротибро ба Порис мунтақил хоҳад кард.