Декабр 01, 2022 13:35 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Эронӣ: Дар гушаву канори ҷаҳон аз манофеи миллии Эрон дифо мешавад

Фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Барои таъмини амнияти дарёии кишвар, амнияти пойдор дар тамомии обҳои сарзаминӣ ва фаросарзаминӣ барқарор шудааст.

Адмирал Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими бузургдошти рӯзи нерӯи дарёии артиш бо ҳузури ҷамъе аз вобастагони низомии кишварҳои дӯсту ҳамсоя дар Теҳрон, аз маъмуриятҳои новгурӯҳҳои ин неру дар обҳои озод хабар дод ва гуфт, ҳамакнӯн ду новгурӯҳ аз нерӯи дарёии роҳбурдии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли анҷоми вазифа дар паҳнаҳои уқёнусӣ буда ва як новгурӯҳ низ дар ҳоли эъзом аст.

Адмирал Эронӣ бо ишора ба фаъолиятҳои нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи байналмилалӣ тасреҳ кард: Тавсеаи дипломасии дарёӣ ва ҳамкорӣ бо неруҳои дарёии кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар дастури кори ин неру қарор дорад ва ба унвони узви фаъоли симпозиум нерӯҳои дарёии Уқёнуси Ҳинд раёсати муштараки ду коргурӯҳ аз се коргурӯҳи он бар ӯҳдаи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, барои иртиқои сатҳи амнияти ҷамъӣ дар минтақаи Уқёнуси Ҳинд, Маркази байналмилалии ҳамкориҳои амнияти дарёӣ дар савоҳили Мукрон роҳандозӣ шудааст.

Адмирал Эронӣ бо ишора ба соири фаъолиятҳои неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, диду боздидҳои мутақобили бандарӣ, анҷоми размоишҳои муштараку мураккаб, таъомулот ва табодулоти омӯзишӣ ва амалиётии мушорикат дар иҷлосҳо ва нишастҳои мухталифи дарёӣ ва мизбонӣ ва мушорикат дар мусобиқоти низомӣ, аз ҷумлаи фаъолиятҳои ин неру дар тавсеаи дипломасӣ ва умқи бахше ба имтидодҳои роҳбурдии низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 

Барчасп