Раисӣ : Душман бидонад дар дили мардум ҳеҷ ҷойгоҳе надошта ва нахоҳад дошт
(last modified Thu, 01 Dec 2022 13:07:47 GMT )
Декабр 01, 2022 18:07 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Амрикоиҳо бидонанд, ки дар дили мардум ҳеҷ ҷойгоҳе надошта ва нахоҳанд дошт; чаро ки фарҳанги исору муқовимат дар байни эрониён ниҳодина шудааст .

Баҳрабардорӣ аз сомонаи интиқоли оби садди озод ба тасфияхонаи Санандаҷ, дидор бо мардуму нишаст бо рӯҳониюн ва нухбагони устон, муҳимтарин барномаҳои сафари якрӯзаи раиси ҷумҳӯр ба устони Курдистон аст .

Сайидиброҳими Раисӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар ҷамъи ақшори мухталифи мардуми устони Курдистон дар Санандаҷ гуфт : дар Курдистон шоҳиди истодагӣ ва муҷоҳидати мардум ҳастем, дар муқобили гурӯҳакҳои зиддинқилоб ва муонидин мардуми ин устон истодагии мисолзаданӣ доштаанд; чун аз аввали инқилоб то кунун гурӯҳакҳои зиддиинқилоб хаёлҳои хоме доштанду мардуми онҳоро маъюс карданд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Раисӣ афзуд : Тайи чанд моҳи ахир дар корхонаи амалкарди хиёнатбори душманон як иштибоҳи муҳосиботии дигар сабт шуд.
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт : Солҳо аст суннӣ ва шиъа дар Курдистон дар канори ҳам зиндагӣ кардаанд ва ба душманон иҷозаи ҷавлон нахоҳанд дод .

Раисӣ тасреҳ кард : Рӯҳияи исору азхудгузаштагӣ ки дар байни неруҳои низомӣ ва интизомӣ ва мардуми ин хитта вуҷуд дорад роҳи тавтеъаафканиро бар душманон бастааст .
Раиси ҷумҳӯри Эрон афзуд : Насли ҷадиди Курдистон ҳамчун падарону модарони хеш душманонро ноком мегузоранд ва барои тавсеаву пешрафти ин минтақа гомҳои баланде бар хоҳанд дошт .