Охирин вазъияти раванди музокироти рафъи таҳримҳо ; меҳвари гуфтугӯи Амирабдуллоҳиён ва Боррел
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ва масъули олии сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо охирин вазъияти раванди музокироти рафъи таҳримҳо ва ҳамкории Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ожонси байналмиллалии энержии атомиро баррасӣ карданд.
Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуд 11 марти 2022 ба пешниҳоди масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вориди як давра танаффус шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд .
Даври ҷадиди музокироти рафъи таҳримҳои Эрони пас аз вақфаи панҷмоҳа чаҳорум августи 2022 дар шаҳри Вена оғоз шуд ва ин музокирот пас аз чаҳор рӯз бо бозгашти ҳайатҳо ба пойтахтҳо поён ёфт .Баргузории ин давр аз музокирот дар паи он сурат гирифт, ки масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзномаи Файнансел таймс иддао кард бастаи пешниҳодии ҷадиде рӯйи миз гузошта, ки шомили роҳкорҳои ба рӯз дар бораи рафъи таҳримҳову гомҳои ҳастаии Эрон аст .
Қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугуҳо хоҳони ҷамъбандии зудтари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар хусӯси чанд мавзӯи боқимондаи муҳим ва калидӣ аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугуи телефонӣ изҳор дошт : Имрӯз дар Аврупо бархе сиёсиуни тундрав худро пушти Иттиҳодияи Аврупо махфӣ карда ва аз ҷайби иттиҳодия харҷ мекунанд .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон афзуд : Бад-ин шакл аҳдофи роҳбурдии иттиҳодияи аврупои қурбонии матомеъи гуруҳҳои хушунатгаро ва ҳатто террористӣ, ки иттилооти ғалат ба ин сиёсиун медиҳанд, шудааст .