Зарурати ҳамкории Эрону Русия дар заминаи муқобила бо якҷонибагароӣ
(last modified Sat, 03 Dec 2022 09:03:44 GMT )
Декабр 03, 2022 14:03 Asia/Dushanbe
  • Зарурати ҳамкории Эрону Русия дар заминаи муқобила бо якҷонибагароӣ

Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрону муовини вазири умӯри хориҷаи Русия бар зарурати ҳамкории ду кишвар дар ҷиҳати тақвияти раҳёфти чандҷонибагароӣ, муқобила бо якҷонибагароӣ ва пойбандӣ ба усули мундараҷ дар маншури Миллали Муттаҳид таъкид карданд .

Эрону Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижа равобити иқтисодӣ,низомӣ ва   амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳамонанди муқобила бо як ҷонибагароии Амрико, иштироки манофии роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Алии Боқирӣ- муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон ва Сергий Рябоков-муовини вазири хориҷаи Русия дар Маскав ду тараф дар хусӯси талош барои ҷилавгирӣ аз сӯъиистифодаи абзорӣ, сиёсӣ ва бархурди гузинишӣ бо мавзӯъоти ҳуқуқи башарӣ тавассути қудратҳои ғарбӣ табодули назар карданд .
Гуфтанӣ аст Алии Боқирӣ рӯзи сешанбе низ дар сафар ба Давҳа бо муовини вазири хориҷаи Қатар дидору гуфтугу карда буд .