Декабр 03, 2022 15:40 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти муносиби энержии Эрон дар сояи ҷанги Украина барои Аврупо

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони фаровардаҳои нафт, газ ва петрошимии Эрон эълом кард аз 45 миллиард доллар содироти ғайринафтии Эрон ҳудуди 25 миллиард доллар марбут ба фаровардаҳои нафтӣ ва петрошимӣ(саноати нафту кимиё) аст .

Ҳамиди Ҳусайнӣ- раиси Иттиҳодияи содиркунандагони фаровардаҳои нафт, газ ва петрошимии Эрон изҳор кард : Дар 9 моҳи гузашта шоҳиди таҳаввулоте дар равобити байналмиллал ва бозорҳои ҷаҳонӣ будем, ки ин мавзӯъ фурсату чолишҳои мухталифе барои Эрон фароҳам кардааст .
Ҳусайнӣ бо ишора ба оғози ҷанги Русияву Украина афзуд : Русия яке аз бузургтарин тавлидкунандагони энержӣ дар ҷаҳон аст ва таҳрими ин кишвар сабаби афзоиши қимати нафт, фаровардаҳои нафтӣ ва маҳсулоти петрошимӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд .
Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони фаровардаҳои нафт, газ ва петрошимии Эрон гуфт : Эрон тавонист дар 7 моҳи гузашта аз тағйири шароиту афзоиши нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳаддиаксари истифодаро дошта бошад .
Ҳусайнӣ таъкид кард : Аз ибтидои таъсиси ин иттиҳодия ба дунболи содироти фаровардаҳои нафтӣ ба ҷои нафту газ будем .
Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони фаровардаҳои нафт, газ ва петрошимии Эрон изҳор кард : Ҳадафи мо аз ин иқдом эҷоди заминаи лозим барои бозорсозӣ ва тавсеаи саҳми саноеъи поиндастии нафт ва газ буда ва дар ҳоли ҳозир саҳми саноеъи поиндастии нафт, газ ва петрошимӣ дар содироти Эрон ҳудуди 25 миллиард доллар аст .
Ҳусайнӣ пешбинӣ кард : Имсол беш аз 5 миллион тани қир(битум) ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон содир шавад ва аз маҷмӯи содироти қир ҳудуди 2 миллиард доллар арзи насиби Эрон хоҳад шуд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп