Декабр 04, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Қутби қудрати ҷаҳони дар шарқ шакл мегирад
    Генерал Боқирӣ: Қутби қудрати ҷаҳони дар шарқ шакл мегирад

Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни ин ки амрикоиҳо дар руйкарди якҷонибагароӣ ва эҷоди назми як қутби мувафақ набуданд, гуфт: Қутби қудрати ҷаҳонӣ дар шарқ шакл мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо генерал Фомин, муъовини байналмиллалии вазири дифоъи Русия бар рушди ҳамкориҳои дуҷониба, минтақӣ ва байналмиллали дар чаҳорчуби аҳдоф ва манофеъи миллии ду кишвар ва низ сулҳу субот ва амнияти минтақа таъкид кард ва изҳор дошт: Амрикоиҳо ҳам имруз изҳор мекунанд, ки дар руйкарди якҷонибагароӣ ва эҷоди низоми ҷадиди қутбиҳо мувафақ нубаданд ва қутби қудрати ҷаҳони дар шарқ шакл мегирад.

  • Вай афзуд: Муқобила бо таҳдидҳои муштарак ва ҳамкори дар ҳавзаи манофеъи муштарак ниёзманди арзёбиҳои бештар аст, ки бояд дар тадовуми раванди ру ба рушди ҳамкориҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
  • Генерал Боқирӣ афзуд: Ду кишвар ҳамкории мувафақи дар муқобила бо террористҳо дар Сурия доштанд албата ҳануз кишвари Сурия ниёзманди тадовуми ин ҳимоятҳо аст.

Дар ин дидор муъовини байналмиллалии вазири дифоъи Русия даъвати вазири дифоъи Эрон аз генерал Боқирӣ барои ҳузур дар нишасти раисони ниҳодҳои дифоъӣ кишварҳои узви Созмони Шанхай дар Маскавро ба раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ иблоғ ва ибрози умедвори кард имкони ҳузури генерал Боқирӣ дар ин нишаст фароҳам шавад.

 

Барчасп