Декабр 04, 2022 17:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳадиси Наврӯзӣ, миллипӯши ҳандболи Эрон дар байни беҳтаринҳои Осиё

Дар поёни мусобиқоти ҳандболи қаҳрамонии занони Осиё, миллипӯши эронӣ унвони беҳтарини бозикун, дар самти гӯшаи чапро касб кард.

Дар поёни мусобиқоти ҳандболи қаҳрамонии занони Осиё, Ҳадиси Наврӯзиро Кумитаи баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба унвони беҳтарин бозикуни гӯшаи чапи ин рақобатҳо интихоб кард.

Наврӯзӣ пеш аз ин дар дидори муқобили Австралия, низ ба унвони беҳтарин бозикун интихоб шуда буд.

Тими миллии ҳандболи занони Эрон дар ин мусобиқот бо се бурд ва се шикаст дар раддаи чаҳорум қарор гирифт ва барои дуюминбор дар таърихи ҳандболи Эрон саҳмияи ҷаҳониро касб кард.

19-умин давраи мусобиқоти ҳандболи қаҳрамонии занони Осиё ва интихобии қаҳрамонии ҷаҳони 2023 , ба мизбонии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли баргузорист.

 

Барчасп