Рушди 300 дарсадии мубодилоти иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2022
(last modified Mon, 05 Dec 2022 12:25:01 GMT )
Декабр 05, 2022 17:25 Asia/Dushanbe
  • Рушди 300 дарсадии мубодилоти иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2022
    Рушди 300 дарсадии мубодилоти иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2022

Вазири неруи Эрон аз рушди 300 дарсадии мубодилоти иқтисодии бо Тоҷикистон дар соли 2022 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон рузи душанбе дар маросими имтифтоҳияи понздаҳумин иҷлоси комисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Сатҳи мубодилоти ду кишвар дар соли 2022 нисбат ба соли қабл рушди 300 дарсади дошта аст.

Меҳробиён афзуд умедворем дар сояи ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон ин рушд дар моҳҳо ва солҳои оянда низ идома ёбад.

Вазири неруи Эрон таъкид кард сатҳи мубодилоти иқтисоди байни Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2013 аз рушди бештари бархурдор буд, ки дар солҳои даъд аз он коҳиш ёфта аст.

Меҳробиён нуктаи боризи понздаҳумин комисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистонро ҳузур як ҳайат аз олитарин мақомҳои ду кишвар дар он донист, ки бахшҳои мухталифи об, энержӣ, фарҳангӣ ва ғайра аст.

Вазири неруи Эрон ибрози умедвори кард дар поёни иҷлоси комисяи мушараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ду тараф ба тавофуқоти муҳими даст ёбанд.

Далери Ҷумъа, раиси тоҷикистонии комисяи муштараки иқтисодии ду кишвар низ дар ин маросим бо ишора ба ин ки ҳамкориҳои созандаи байни Эрон ва Тоҷикистон оғоз шуда аст гуфт: Ин ҳамкориҳо дар қолаби баргузории намоишгоҳҳо ва ҳамчунин сармоягузори дар бахшҳои мухталифи саноати ва ғайра иҷро шуда аст.

Понздаҳумин комисяи муштараки иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз душанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.