Канъонӣ: Эрон бо таҳдид музокира намекунад
(last modified Mon, 05 Dec 2022 14:18:13 GMT )
Декабр 05, 2022 19:18 Asia/Dushanbe

Сухангуи Вазораи умури хориҷа хитоб ба давлатмадорони Амрико гуфт: Эрон бо таҳдид музокира намекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, сухангуи Вазори умури хориҷа масъулиятпазирии амрикоиҳоро дар қиболи музокироти эҳёи БарҶом зарури донист ва таъкид кард: Кохи Сафед медонад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҳдид рози ба музокира намешавад.

Носири Канъонӣ афзуд: Надоштани илтизоми амалии онҳо ба БарҶом буд, ки сабаб шуд ҳам монеъи баҳрабардории Эрон аз манофеъи иқтисодии БарҶом шавад ва ҳам роҳкорҳои чандҷонибаи байналмиллалиро барои ҳалуфасли масоили маврид ташкик қарор дод.

Вай бо баёни ин ки мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи БарҶом равшан аст таъкид кард: Эрон ба БарҶом мутаъаҳид буд ва ҳаст ва давлти хилофкор Амрико аст дигар аъзои БарҶом ҳам натавонистанд ин кишварро аз тавофуқи ҳастаӣ ҷуброн кунанд.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Эрон дар пайи ба самар расондани БарҶом аст ва ниёзи ғарб ба БарҶом низ камтар аз Эрон нест ва наметавонанд миннат гузоранд.

Сухангуи дастгоҳи дипломоси ба шуракои аврупоӣ БарҶом тавсия кард худро таслими Амрико накунанд.