Амӯӣ : Ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эрон барои мақсадҳои пизишкӣ аст
(last modified Tue, 06 Dec 2022 05:15:10 GMT )
Декабр 06, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Амӯӣ : Ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эрон  барои мақсадҳои пизишкӣ аст

Сухангӯи комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ғанисозӣ 60 дарсадии уран дар кишварро барои мақсадҳои пизишкӣ унвон кард .

Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ чанде пеш дар нишасти фаслии худ таҳти фишори шадиди сиёсии кишварҳои Амрико, Британия,Фаронса ва Олмон қатъномаи зидди фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон ба тасвиб расонд.
Созмони энержии атомии Эрон низ дар вокуниш ба қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ иқдом ба тавлиди уран то ғанои 60 дарсад дар сайти " Фурду " кард ва тавлиди он ба марҳалаи пойдорӣ расид .
Эрон ҳамчунин дар дуюмин иқдом дар вокуниш ба қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ду обшори дигари IR - 2m ва IR – 4-ро дар сайти Натанз бозбинӣ ва газдиҳӣ кард ва ду обшори дигар аз ин мошинҳо барои газдҳӣ омода шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абулфазли Амӯӣ-сухангӯи комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт :Пас аз тасвиби қатънома дар шӯрои мудирон Эрон иқдомотеро барои муқобила бо ин ҳаракати сиёсии кишварҳои ғарбӣ тарроҳӣ кард, ки тақвияти тавони ғанисозӣ ва расидан ба зарфияти 60 дарсад аз ҷумлаи ин иқдомот аст .
Амӯӣ афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон барои ғанисозӣ аз сентрифугаи насли ҷадид баҳра гирифта ва ин иқдомот бо ҳузури нозирони ожонс сурат гирифт ва гузориши он дар ихтиёри Ожонси байналмилалӣ аст .
Сухангӯи комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон бо таъкид бар инки иқдомоти Эрон мавриди таъйид қарор гирифтааст, тасреҳ кард: Эрон ғанисозии 60 дарсадро барои расидан ба модаи молибдин, ки мавриди истифода дар радиодору аст ,ҳадафгузорӣ карда ва дар ҳоли захирасозии ниёзи дохилӣ аст.

Бештар бихонед :