Амини Исмоилнажод дар феҳристи беҳтарини бозикунони Федерасиюни ҷаҳонии волейбол
Волейболисти эронӣ дар феҳристи беҳтарини бозикунони Федерасиюни ҷаҳонии волейбол ( FIVB ) қарор гирифт .
Амини Исмоилнажод-узви тими миллии валиболи Эрон аз нигоҳи Федерасиюни ҷаҳонии ин ришта дар ҷамъи шаш бозикуни бартари ҷаҳон қарор гирифт .
Амини Исмоилнажод посури тими миллии Эрон дар садри феҳристи ин гузориш қарор дорад .
Ҳафдаҳумини давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии бошгоҳҳои мардони ҷаҳон аз рӯзи чаҳоршанбе 7 декабри 2022 бо ҳузури шаш тим ба мизбонии шаҳри Бутеми Бразилия оғоз мешавад .
Тими Пайкони Теҳрон низ яке аз шаш тими ширкаткунанда дар ин рақобатҳо аст.
Дар ин гузориш ба ҳузури Исмоилнажод дар лигаи миллатҳои 2022 бо тими миллии волейболи Эрон ишора шуда ва омадааст : Вай имтиёзовартарин бозикуни Эрон дар марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот буд, ки унвони дуюмин имтиёзовартарин бозикуни мусобиқот дар марҳалаи гуруҳеро низ аз они худ кард .