Декабр 06, 2022 15:39 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми қатл барои 5 муттаҳам дар парвандаи шаҳид Аҷамиён

Аҳкоми аввалияи парвандаи муттаҳамони шаҳодати мазлӯмонаи Саидруҳуллоҳи Аҷамиён як моҳ пас аз ҷиноят содир шуд. Басиҷӣ Саидруҳуллоҳи Аҷамиён панҷшанбе, сеюм ноябр дар ҷараёни иғтишошоту ноамниҳои озодроҳи Караҷ - Қазвин дар маҳдудаи Биҳишти Сакина ( с )-и Караҷ бо заработи корди бархе иғтишошгарон ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси аҳкоми содира 5 нафар аз муттаҳамон ба иттиҳоми ифсод- фил-аларз ба эъдом ва 11 муттаҳам аз ҷумла се ҷавони камтар аз 18 сол ба ҳабсҳои дарозмуддат маҳкум шуданд .
Аҳкоми содира ғайриқатъӣ аст .
Дар ҷаласоти додгоҳи муттаҳамон ошкоро шеваи шаҳодати мазлӯмонаи Сайидрӯҳллоҳи Аҷамиёнро ташреҳ ва ба нақши худ дар ин ҷиноят эътироф карданд .
Аз авохири сентябр манотиқи мухталифи Эрон шоҳиди бурузи иғтишошҳоест, ки дар ҳамон нахустин рӯзҳо нақши бархе расонаҳои суннатӣ ва навин дар густариши ин иғтишошҳо бориз буд .
Дар ин иғтишошот сарони сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии муониди мавриди ҳимояти Ғарб бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон, дар ҳимоят аз иғтишошгарону барҳамзанандагон амнияти миллат санги тамом гузоштанд .
Би Би Си форсӣ ва Эрон интирнашнол- ду расонаи лондоннишин низ нақши пурранге дар ҷиҳати табдили эътироз ба иғтишош дар Эрон ва шиддат гирифтани иғтишошҳо ифо кардаанд .
Талоши кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои вобаста ба онон барои эҷоди иғтишошу ноамнӣ дар Эрон шароите аст, ки пеш аз ин миллионҳо нафар аз миллати Эрон дар хиёбонҳову маёдини кишвар дар ҳимоят аз низому кишварашон ва мухолифати қотеъ бо ошӯбу иғтишош ҳузур ёфтанд.

 

Барчасп