Вуруди лавозими хонагии эронӣ ба бозорҳои Сурия
Ширкати эронӣ, ки дар заминаи содироти лавозими барқи ва электроникии хонагӣ, васоили манзил ва фарш фаъол аст аз Вазорати тиҷорати дохилӣ ва ҳимоят аз масрафкунандагони Сурия муҷавизи фаъолият дарёфт кард.
Сомонаи хабарии Аср Пресси Сурия имруз ба нақл аз як манбаъ дар Вазорати тиҷорати дохили ва ҳимоят аз масрафкунандагони ин кишвар эълом кард, ин вазоратхона бо таъсиси ширкати Албайтул Алзаҳаби (хонаи тиллоӣ) мутаъалиқ ба сармоягузорони эронӣ, ки дар заминаи содирот ва воридоти лавозими барқи ва электроникии хонагӣ, васоили манзил ва фарш фаъолият мекунанд мувофиқат кард.
Пас аз Эрон кишварҳои араби ва хориҷӣ аз ҷумла Русия, Чин, Белорус, Иморот, Кувайт, Арабистон, Ироқ, Урдун ва Мирс рақобат барои сармоягузори дар Сурияро оғоз карданд.