Оғози размоиши бузурги нерӯи заминии Артиши Эрон
Размоиши бузурги нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз (якшанбе) дар ҷанубу шарқи Эрон оғоз шуд.
Размоиши бузург ва серӯзаи “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)- 4”-и нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз бо ҳузури генерал Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Эрон дар паҳнае ба вусъат беш аз 220 ҳазор километри мураббаъ ва бо ширкати ягонҳои мухталифи нерӯи заминӣ ва пуштибонии нерӯи ҳавоӣ ва қароргоҳи падофанди ҳавоии “Хотамуланбё (с)” дар минтақаи умумии ҷанубу шарқи Эрон оғоз шуд.
Генерал Саидкамоли Паямбарӣ, сухангӯи размоиши “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)- 4”, гуфт, муҳиммтарин аҳдофи ин размоиш, арзёбии омодагии нерӯҳои ширкаткунанда, иртиқои шоистгиҳои размӣ ва коромадии нерӯҳо, тамрин амалии омӯзишҳои назарӣ ва ба коргирии фармондеҳони ҷавонтар аст.
Вай афзуд, аз дигар аҳдофи ин размоиш, коҳиши замони вокуниши нерӯҳо ва истифода аз сомонаҳои дифоии ҷадид хоҳад буд.