Раҳбари инқилоби исломӣ: Кишварҳои исломӣ фиреби лабханди Амрикоро нахуранд
(last modified Sun, 11 Dec 2016 11:44:30 GMT )
Декабр 11, 2016 16:44 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Кишварҳои исломӣ фиреби лабханди Амрикоро нахуранд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, кишварҳои исломӣ набояд ҳеч гоҳ фиреби зоҳирсозӣ ва лабханди амрикоиҳоро бихӯранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз –якшанбе дар дидори Сайид Аммори Ҳаким, раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ ва аъзои аслии ин эътилоф гуфтанд, амрикоиҳо бар хилофи иддаоҳои зоҳирӣ, ба ҳеч ваҷҳ дунболи решакан шудани террористҳои такфирӣ нестанд ва талош доранд то бахше аз ин террористҳоро барои мақсадҳои ояндаи худ ҳифз кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба фурӯхта шудани нафти Ироқ ба дасти ДИИШ гуфтанд, дар он ҳангом амрикоиҳо сирфан назорагари ҳаракати сутунии нафткашҳо буданд ва онҳоро ҳадаф қарор намедоданд, бинобар ин набояд ба амрикоиҳо эътимод кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ояндаи Ироқро бисёр равшантару беҳтар аз шароити имрӯз донистанд ва таъкид карданд, пешрафти Ироқ ба нафъи Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва ҳамоҳангии беш аз пеши ду кишвар низ ба нафъи ду тараф аст.

Эшон ҳамчунин масъуляти раис, аъзои аслӣ ва ҳамаи ҷараёнҳои дохили эътилофи миллии шиаёни Ироқро бисёр сангин донистанд ва ҳимоят аз давлатҳои мустақар дар Ироқро аз вазоифи муҳими ин эътилоф баршумурданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар поёни суханони худ аз мардум ва масъулони ироқӣ ба далели пазироӣ ва меҳмоннавозӣ аз зоирони “арбаин” қадрдонӣ карданд ва пиёдаравии “арбаин”-ро падидае азиму беназир хонданд.