Декабр 07, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ бо таъкид бар инки эътирозот бояд шунида ва ҳамвора мо барои шунидани ҳарфҳои донишҷӯён мусамам ҳастем
    Раисӣ бо таъкид бар инки эътирозот бояд шунида ва ҳамвора мо барои шунидани ҳарфҳои донишҷӯён мусамам ҳастем

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, рӯзи донишҷӯро намоди душманшиносӣ, душманситезӣ, басират ва эҳсоси масъулият аз тарафи донишҷӯён унвон кард.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, Саид Иброҳими  Раисӣ, Раисӣ Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар маросии 16-уми озар дар донишгоҳи Теҳрон, ин рӯзро рӯзи умед барои кишвар донист ва таъкид кард,ин рӯз намод ва намуд барои фикр, боландагӣ ва шинохти шароит ва вазъият барои донишгоҳост.

Раисӣ таъкид кард,донишҷӯён масоили чомеъаро бештар ва беҳтар расад мекунанд ва иртибот  бо донишҷӯёнро барои худ ифтихор ва фурсати  муғтанаме барои баҳрагирӣ аз назароти нухбагон медонам.

Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон хотирнишон кард, имрӯз донишгоҳ ба душман зарба зада ва душман мехоҳад донишгоҳро аз таҳсил ва донишомӯзи ва пешрафти илмӣ боз дорад аммо донишҷӯён ва асодит душманро ноком гузоштанд.

Раисӣ бо таъкид бар инки эътирозот бояд шунида ва ҳамвора мо барои шунидани ҳарфҳои донишҷӯён мусамам ҳастем изҳор кард, эътироз бо иғтишош фарқ дорад, эътироз сабаби ислоҳи умур ва камол мешавад ва иғтишош сабаби тахриб ва ёсофаринӣ аст.

Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон бо ёдоварии инки амрикоиҳо дунболи тахриб ҳастанд ва мехоҳанд ба ҷои шаклгирии Эрони қавӣ як Эрони тахриб шуда дурурст шавад, таъкид кард: Онҳо мехоҳанд инҷо Сурия ва Афғонистон шавад вале иштибоҳи муҳосиботи кардаанд ва мардон ва занони фаҳрехтаи эронӣ чунин иҷозае ба онҳо намедиҳанд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп