Ҳунарманди эронӣ рекорди бузургтарин наққошии ҷаҳонро шикаст
Декабр 08, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
Имоди Солеҳӣ, наққоши эронӣ, рекорди бузургтарин наққошии ҷаҳонро шикаст.
Имоди Солеҳӣ, наққоши эронӣ бо наққошии 9600 метрии мураббаъ, яъне ба андозаи як замини футбол, рекорди бузургтарин наққошӣ дар ҷаҳонро шикаст. Барои кашидан ин наққошӣ аз 3 ҳазор литр ранг истифода шудааст.
Аз наққошии наққоши Эрон, ки ҳосили 5 моҳ кор аст, тайи маросиме дар Давҳа, пойтахти Қатар рӯнамоӣ шуд. Ин наққошӣ дар китоби рекордҳои Гинесс ба сабт расид.
Барчасп