Декабр 08, 2022 17:00 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Мардуми Эрон фиреби шиори озодиро намехуранд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Миллати Эрон иҷозаи таҳдид зидди истиқлол, озодӣ ва Ҷумҳурии исломӣ аз сӯии душманро намедиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ дар ҷамъи мардуми шаҳристони Работ Карим, ҷанубу ғарбии Теҳрон афзуд : Касоне ки бо ҳарф дар ҷомеъа ихлолу тафриқа эҷод мекунанд ва ҳамчунин бовару эътиқоди мардумро ҳадаф қарор медиҳанд, бояд шиносоӣ шаванд .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Иддае мехоҳанд ҷавонони пуркори аҳли дарсро аз таҳсил, фаъоли иҷтимоиро аз фаъолият ва тавлидкунандаро аз тавлид боз доранд ва ба шевае амал кунанд, ки ҷомеъа аз рушду таъолӣ боз монад .
Раисӣ хитоб ба душманони низоми Эрони исломӣ ва истикбори ҷаҳонӣ тасреҳ кард : Ҳузури шумо дар ҳар минтақаву ҷойгоҳе бо ҳар шиори зебо бартарафкунандаи оромишу зиндагии мардум аст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Душманон нишоти иҷтимоӣ, озодӣ ва пешрафти Эрони исломиро намехоҳанд ва бо эҷоди иғтишошу ноамнӣ монеъи пешрафти Эрони исломӣ мешаванд.
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар сафари якрӯза ба шаҳристони Работ Карим, зимн боздид майдонӣ аз аз тарҳҳои ниматамом ва рӯ ба поён аз ҷумла пружаи қатори шаҳрии метро, тасфияхона ва фозилоби шаҳрӣ ва тарҳи наҳзати миллии маскан дар ҷараёни пешрафти тарҳҳои нимакораи шаҳристон қарор гирифт.
 

 

Барчасп