Декабр 10, 2022 12:05 Asia/Dushanbe
  • Рушди ҳудӯди 40 дарсадии тиҷорати Эрону Африқо

Қоиммақоми бошгоҳи туҷҷори Эрону Африқо таъкид кард : Рушди тиҷорати Эрону Африқо ба 40 дарсад расидааст .

Сайидрӯҳуллоҳ Латифӣ-қоими мақоми бошгоҳи туҷҷори Эрону Африқо аз тиҷорат ( маҷмӯи воридоту содирот ) 1 миллиарду 56 миллион долларии Эрону Африқо, дар ҳаштмоҳаи соли 1401 ҳиҷрии шамсӣ хабар дод, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта ( 1400 ) 39 дарсад рушд доштааст .
Давлати сездаҳум  густариши равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои африқоиро дар авлавияти барномаҳои худ қарор додааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Латифӣ афзуд : Тиҷорати ҳаштмоҳаи аввали соли Эрон ва кишварҳои африқоӣ 5 / 10 дарсад дар вазн ва 39 дарсад дар арзиш бо рушд ҳамроҳ будааст .
Қоиммақоми бошгоҳи туҷҷори Эрону Африқо ҳамчунин гуфт : Африқои ҷанӯбӣ, Мозамбик ва Судон се мақсади нахусти содироти колоҳои эронӣ ба Африқо дар ин муддат буданд .
Қоиммақоми бошгоҳи туҷҷори Эрону Африқо дар хусӯси воридот аз Африқо гуфт : Аз 21 кишвари африқоӣ дар тиҷорати ҳаштмоҳаи аввали сол низ 69 ҳазору 31 тон коло ба арзиши 66 миллион долларро ба Эрон воридоти сурат гирифта, ки дар муқоиса бо ҳамин муддат дар соли 1400 бо рушди 77 дарсадӣ дар вазн ва 98 дарсадӣ дар арзиш ҳамроҳ будааст .
Дар ин муддат Танзания, Кения ва Африқои ҷанӯбӣ ҳам ба тартиб се кишвари нахусти африқоии фурӯши коло ба Эрон буданд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп