Эрон инфиҷорҳои террористии Истанбули Туркияро маҳкум кард
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон инфиҷорҳои террористии рӯзи якшанбе дар Истанбули Туркияро маҳкум кард.
Ба гузориши идораи кулли дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо миллату давлати Туркия ва таслият ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаи террористии Истанбул гуфт, бояд дар баробари иродаву забони воҳиди террористҳову ифротгароён, ки ҳамоно тавассул ба хушунати урёну ваҳшатофаринӣ маргбор аст, посухе қотеъ ва паёме яксон аз ҷониби ҳамаи кишварҳои минтақаву ҷаҳон ба террористҳои хушунатталаб дода шавад.
Қосимӣ таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора омодагӣ дорад бо ҳамкории ҳамаи кишварҳо иқдомоти лозимро барои муқобилаи ҳамаҷониба бо терроризму ифротигарӣ анҷом диҳад.
Шанбешаб дар ду инфиҷори террористӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ва дар маҳалли таҷаммуи нерӯҳои полис, дастикам 38 нафар куштаву 166 нафар захмӣ шудаанд.
Дар пайи ин инфиҷорҳо имрӯз дар Туркия азои умумӣ эълом шуд.