Декабр 11, 2016 21:00 Asia/Dushanbe
  • Хуҷастаи зодрӯзи ҳазрати Муҳаммад (с) ва оғози Ҳафтаи Ваҳдат муборак бод!

Душанбе, дувоздаҳуми моҳи рабиулаввал ба ривояте солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммад бин Абдуллоҳ (с), паёмбари гиромии Ислом ва оғози Ҳафтаи Ваҳдат аст.

Мусулмонони аҳли суннат дувоздаҳуми моҳи рабиулаввал ва мусулмонони шиа ҳафдаҳуми ин моҳро солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с) медонанд.

35 сол қабл, ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ки аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони Ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳоду наздик шудани ҳарчӣ бештари мазоҳиби исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду торихро, ки як ҳафта аст, "Ҳафтаи Ваҳдат" номгузорӣ карданд.

 Ин ҳафта фурсати муносибе аст то зарурати ҳамбастагӣ ва якдилӣ дар ҷаҳони Ислом, ба вижа дар ин замонаи пур аз фитнаву ошӯб, бо диққати бештаре мавриди баррасӣ қарор гирад.

Агарчӣ мусулмонон аз мазоҳиби мухталиф дар бархе орову аҳкоми фаръӣ ихтилофи назар доранд, аммо ҳамагӣ ба Худои воҳид, китоби осмонии Қуръон ва набуввати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бовар доранд, ба сӯйи як қибла намоз мегузоранд ва дар бораи анҷоми ибодатҳои муҳиме чун рӯза, ҳаҷ ва закот иттифоқи назар доранд.

Бахши тоҷикии радио ва сайти Садои Хуросон фаро расидани зодрӯзи паёмбари гиромии Ислом (с) ва оғози ҳафтаи ваҳдатро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.