Машҳад мизбони Конфронси фурсатҳои ҳамкории тиҷории Эрон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i95384-Машҳад_мизбони_Конфронси_фурсатҳои_ҳамкории_тиҷории_Эрон_ва_Тоҷикистон
Расонаҳои Тоҷикистон эълом карданд, ки тоҷирони ин кишвар ва Эрон аз 17 то 22 декабр (26 озар то 1 дай) дар Машҳад дар мавриди фурсатҳо ва заминаҳои ҳамкорӣ бо ҳам дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 11, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Машҳад мизбони Конфронси фурсатҳои ҳамкории тиҷории Эрон ва Тоҷикистон

Расонаҳои Тоҷикистон эълом карданд, ки тоҷирони ин кишвар ва Эрон аз 17 то 22 декабр (26 озар то 1 дай) дар Машҳад дар мавриди фурсатҳо ва заминаҳои ҳамкорӣ бо ҳам дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ба гузориши Азия Плюс, ширкатҳои пешниҳодӣ барои мушорикат умдатан дар саноати ғизоӣ, масолеҳи сохтумонӣ ва хадамоти муҳандисӣ фаъолият мекунанд.

Раёсати ҳайати Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати минтақаи Суғд бар ӯҳда хоҳад дошт.