Вокуниши намояндагони маҷлиси Эрон ба баёнияи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс
(last modified Sun, 11 Dec 2022 15:27:32 GMT )
Декабр 11, 2022 20:27 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши намояндагони маҷлиси Эрон ба баёнияи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ба баёнияи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс вокуниш нишон доданд.

Кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, дар баёнияи поёнии 43-умин нишасти сарони худ, ки дар Риёз баргузор шуд, бори дигар иддаоҳои такрории Иморот дар бораи ҷазоири сегонаи Эронро матраҳ карданд.

Теъдоде аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, ба баёнияи муштараки Чин ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс вокуниш нишон доданд ва эълом карданд, ки бар сари тамомияти арзии Эрон бо ҳеҷ кас таъоруф надоранд.

Ба гузориши ИСНО, бархе аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар вокуниш ба баёнияи муштараки Чин ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар сафаҳоти шахсии “Твиттер”-ашон матолибе навиштанд.

Дар ин навиштаҳо намояндагони маҷлис таъкид карданд: Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳеҷ кишваре перомуни тамомияти арзии худ таъоруф ва мумошот надорад.